мақом

мақом
I
[مقام]
а
1. ҷои қиём, ҷои истодан, ҷойгоҳ; ҷой, маҳал, мавзеъ
2. маврид, вақти мувофиқи коре, фурсати муносиб; ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад (зарб.); мувофиқи мақом дар мавридаш; дар омади гап
3. мартаба, рутба, манзалат
4. вазъи ҳуқуқӣ: мақоми давлатӣ додан ба чизе ба дараҷаи давлатӣ бардоштан
5. нав. дастгоҳи маъмурӣ, орган; дар мақоми… дар мавриди…, дар мавқеи…; мақом доштан а) ҷой доштан, ҷойгир шудан; б) мавқеъ доштан, қадру эътибор доштан
II
[مقام]
1. мус. номи қисмҳои мусиқии классикии тоҷик «Шашмақом», ки ҳар яки он оҳангу тарона ва ғазалҳои зиёдеро дар бар гирифта, аз ду ҷузъи асосии созӣ («Мушкилот») ва овозӣ («Наср») иборат мебошад
2. оҳанг, соз, наво; мақоми ҳузноварро навохтан, мақомҳои форами халқиро навохтан, ба мақоми доира рақс кардан, ба мақоми мусиқӣ қадам партофтан
3. гуфт. тарз, тариқ: ба сад мақом гап задан
4. гуфт., маҷ. нозу ишва, карашма; мақом кардан нозу ғамза кардан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужна курсовая?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»